Сатҳи таварруми солона дар Тоҷикистон 5,6%-ро ташкил дод

Семоҳаи аввали соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 2,1%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи марти соли ҷорӣ мизони таваррум ба 0,2% баробар шудааст. Гуфта мешавад, афзоиши мизони таваррум бинобар сабаби болоравии нархҳо ба молу маҳсулоти ғизойӣ ва ғайриғизойӣ ва ҳамчунин хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ сурат гирифтааст. Тибқи маълумоти […]



Семоҳаи аввали соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 2,1%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи марти соли ҷорӣ мизони таваррум ба 0,2% баробар шудааст.

Гуфта мешавад, афзоиши мизони таваррум бинобар сабаби болоравии нархҳо ба молу маҳсулоти ғизойӣ ва ғайриғизойӣ ва ҳамчунин хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ сурат гирифтааст.

Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, сатҳи таварруми солона (аз моҳи марти соли 2015 то моҳи марти соли 2016) 5,6%-ро ташкил додааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2016-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дода буд.

Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.