Зуҳуров: эълони Рӯзи президент тасдиқи далели таърихист

Вакилони Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум имрӯз тағйирот ба қонуни кишвар «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро қабул карданд. Мутобиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр Рӯзи президент ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн бидуни рӯзи истироҳат таҷлил мегардад. Ба гуфтаи раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ҷашни мазкур аз 15 ноябри […]

ASIA-Plus



Вакилони Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум имрӯз тағйирот ба қонуни кишвар «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро қабул карданд.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр Рӯзи президент ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн бидуни рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.

Ба гуфтаи раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ҷашни мазкур аз 15 ноябри соли 1994 сарчашма мегирад.

«Санаи 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститусияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул шуда, ҳамон рӯз маъракаи интихоботи президенти ҷумҳурӣ доир гардид ва президенти интихобшуда Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 ноябри ҳамон сол савганди салоқат ба Ватан ёд кард», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, аз ин рӯ, ба хотири эҳтиом гузоштан ба ин рӯзи таърихӣ минбаъд дар Тоҷикистон ин сана ҳамчун Рӯзи президенти Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки чунин ҷашн дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. «Санаи 16 ноябрро дар Тоҷикистон эълон кардани ҷашни Рӯзи президент тасдиқи далели таърихист», – афзуд Шукурҷон Зуҳуров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.