Раиси пойтахт 2 маротиба дар 1 моҳ шахсан омодагӣ ба ҷашни истиқлолиятро месанҷад

Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки санаи 14 апрел доир гардид, раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раисони ноҳияҳо дастур додааст, ки шурӯъ аз 20 апрел то 31 август ҳамарӯза ҷараёни омодагии шаҳр ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатиии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор диҳанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт […]



Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки санаи 14 апрел доир гардид, раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раисони ноҳияҳо дастур додааст, ки шурӯъ аз 20 апрел то 31 август ҳамарӯза ҷараёни омодагии шаҳр ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатиии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт иттилоъ дод, дар ин робита М.Убайдуллоев ба муовинони худ супориш додааст, ки дар ин муддат ҳар ҳафта рафти омодагии шаҳр ба ҷашни асосии ҷумҳуриро назорат кунанд. «Худи раиси шаҳр ҳар моҳ ду маротиба шахсан омодагӣ ба ҷашни истиқлолиятро месанҷад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки санҷишҳои ҷараёни омодагии шаҳри Душанбе ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолият аз ҷониби комиссияҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи пойтахт низ сурат мегирад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.