Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз Шартномаи консессияи Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и «Шӯроб» миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Hos Powertech International SDN BND»-ро, ки моҳи феврали соли равон ба имзо расида буд, тасдиқ намуд.
Зимни суханронӣ назди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи авмоли давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки тибқи шартнома ширкати олмонии «Фихнер» давоми як сол арзёбии фанниву иқтисодии ду лоиҳа – сохтмони МБГ «Шӯроб» ва таъмиру азнавсозии кони ангишти «Шӯроб» дар Исфараро анҷом медиҳад.
«Пас аз мувофиқасозии натиҷаҳои ин арзёбиҳо ширкати «Hos Powertech International SDN BND» ба сохтмони Маркази барқу гармидиҳии дар боло зикршуда бо иқтидори 300 мегаватт ва корҳои таъмиру азнавсозии ҶС «Шӯроб», ки ба истихроҷи ангишт машғул аст, шурӯъ мекунад», – қайд кард Қ.Қосим.
Зимнан зикр гардид, ки барои амалисозии танҳо марҳилаи аввали лоиҳаҳои дар боло зикршуда ширкати олмонӣ 400 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карданист.



