Мулоқоти сафир бо тоҷикони муқими шаҳри Машҳад

Неъматулло Эмомзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон 17 апрели соли равон зимни сафари корӣ ба устони Хуросони Разавӣ бо шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷикистонӣ ва устодони Донишгоҳи Фирдавсии шаҳри Машҳад дидору мулоқот намуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», сафири Тоҷикистон оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ […]



Неъматулло Эмомзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон 17 апрели соли равон зимни сафари корӣ ба устони Хуросони Разавӣ бо шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷикистонӣ ва устодони Донишгоҳи Фирдавсии шаҳри Машҳад дидору мулоқот намуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», сафири Тоҷикистон оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар давраи истиқлолият ба таври муфассал суханронӣ намуда, бахше аз мавзӯъҳои асосии Паёмро, ки ба соҳаи илму маориф ва масоили ҷавонон вобаста буданд, таъкид кард.

Ҳамзамон зимни дидор зикр гардид, ки моҳи майи соли равон ду маъракаи муҳими сиёсӣ- гузоштани санги асос ба бунёди лоиҳаи минтақавию интиқолии неруи барқ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) ва раъйпурсии ҳамагонӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ баргузор мегардад, ки он барои рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа ва рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имконият фароҳам меорад.

Дар анҷоми мулоқот Н.Эмомзода донишҷӯёнро барои беҳтар аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ ва технологияҳои муосир даъват кард.

Донишҷӯён зимни андешаронӣ аз иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудӣ ва рӯҳбаландӣ истиқбол намуда, барои таҳсили беҳтар ва ҳимояи ваҳдати миллӣ, оромиву осудагии кишвар омодагии худро баён доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.