Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати корманди дастгоҳи президент

Нисбати роҳбари маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Қадамҷон Сафизодаи 34-сола, ки ҳанӯз 3 апрели соли ҷорӣ боздошт шуда будааст, суди пойтахт бо дастрасии моддаи 259, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Соҳибкории ғайриқонунӣ дар ҳайати гурӯҳи муташаккил) парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Шӯрои адлияи Тоҷикистон хабар доданд. […]

ASIA-Plus



Нисбати роҳбари маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Қадамҷон Сафизодаи 34-сола, ки ҳанӯз 3 апрели соли ҷорӣ боздошт шуда будааст, суди пойтахт бо дастрасии моддаи 259, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Соҳибкории ғайриқонунӣ дар ҳайати гурӯҳи муташаккил) парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Шӯрои адлияи Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, аз рӯи дигар моддаҳои Кодекси ҷиноии ҶТ нисбати боздоштшуда парванда боз нашудааст.

Мутобиқи меъёрҳои моддаҳои амалкунандаи КҶ ҶТ, дар сурати аз ҷониби суд собит шудани гуноҳи Қ.Сафизода, ӯ дар ҳаҷми 12 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ ё ба муҳлати аз 3 то 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонад.

Қаблан

иттилоъ дода будем

, ки Қадамҷон Сафизода аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони порагирӣ боздошт шудааст.

Бо амри президенти Тоҷикистон аз 4 апрел Сафизода Қадамҷон Исмат аз вазифаи мудири маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии дастгоҳи иҷроияи президент бидуни зикри сабаб озод карда шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.