Тағйироти кадрӣ дар мақомоти судии кишвар



Бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомoти судии кишвар ва сохтори ҳукумати ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Садирзода Нусратулло Абдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси суди шаҳри Душанбе озод карда шуда, Гиёзода Исмон Қурбон раиси суди шаҳри Душанбе таъин ва аз вазифаи раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод карда шуд.

Саидзода Гулбону Исуф раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Душанбе озод карда шуд.

Ваколати раиси суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саидраим Абдураҳим бинобар вафоташ қатъ карда шуд.

Раҳмонзода Саидалӣ Сабзалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифи раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод карда шуд.

Дар робита ба тағйироти кадрӣ дар мақомотӣ судӣ оид ба бозхонд ва интихоб ба вазифаҳои муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси коллегияи Ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зикриё ва Давлатзода Садриддин Хол муовинони Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

spot_imgspot_img

Популярное