Маҳдудиятҳои ҳаракати нақлиёт дар пойтахт бинобар сафари президент ба Ёвон



Рӯзи 22 апрел сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон оғоз мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти умумӣ барои 640 нафар толибилмон ширкат меварзад. Ин муассисаи таълимӣ бо харҷи 15 млн. сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ сохта шудааст.

Дар ноҳияи Ёвон президент ҳамчунин дар маросими ба фаъолият шурӯъ намудани кӯдакистони нав ва корхонаи истеҳсоли гипсокартон, ки аз ҷониби ширкати Тоҷикистону Чин бунёд ёфтааст, низ ҳузур хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ, баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни сафари кории Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон, рӯзи 22 апрели соли равон аз соати 07:30 то 08:30-дақиқа ва аз соати 14:30 то 15:30-дақиқа дар  кӯчаҳои  Шероз, Шевченко, Қаҳҳоров хиёбони Саъдии Шерозӣ то Неъмат Қарабоеви пойтахт, роҳи автомобилгарди Душанбе-Ёвон то деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон дар ҳолатҳои зарурӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Гуфта мешавад, ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд аз хиёбонҳои Рудакӣ, Сомонӣ, Сино, кӯчаҳои Карамов, Неъмат Қарабоев, Мастонгулов ва Ҷаббор Расулов истифода баранд.

spot_imgspot_img

Популярное