Маҳфили навбатии «Ҷаҳони андеша» дар Академияи илмҳо



Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” бо иштироки адибон ва донишмандони тоҷик баргузор гардид.

Тибқи иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳфил мавзӯи “Ҳаллоҷ ва ҷунбишҳои миллӣ” мавриди баҳс қарор гирифт, ки дар он гузоришдиҳанда пажуҳишгар ва донишманди тоҷик Ҷамшеди Азимпур аз андешаҳои ҳикматомези ин шахсияти бузург иттилоот пешниҳод намуд.

Дар натиҷаи баҳс миёни донишмандони соҳаҳои гуногуни илми муосир чеҳраи воқеии Мансури Ҳаллоҷ чун яке аз нерӯмандтарин намояндагони тасаввуфи амалӣ ошкор гардид.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки барои воқиф сохтани ҷомеаи муосир аз ҳақиқати ҳолу аҳволи ин абардмард рисолаҳо навишта шаванд. 

Академияи илмҳо ҶТ иттилоъ медиҳад, ки маҳфили “Ҷаҳони андеша” ҳар ҳафта як маротиба дар толори Академияи илҳои Тоҷикистон гузаронида мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное