Бахтиёр Лангариев – бародари Лангарӣ Лангариев, фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ, сардори яке аз шӯъбаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таъин шуд.
Аз Вазорати мудофиаи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки полковник Бахтиёр Лангариев сардори яке аз шуъбаҳои Раёсати ташкилӣ ва сафарбарии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъин шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, Лангариев ба ин вазифа ҳанӯз ахири моҳи феврал таъин шуда, пеш аз таъинот дар мавриди доғи судӣ доштан ва даст доштан ба ҷиноятҳо мавриди санҷиш қарор гирифтаааст ва маълум шудааст, ки ӯ ба ин корҳо даст надорад.
Дар ҳамин ҳол, қобили зикр аст, ки мансабе, ки ба он Лангариев таъин шудааст, маъмулан ба рутбаи майор баробарӣ дорад.
Ёдрас мекунем, ки Бахтиёр Лангариев, яке аз бародарони маъруф миёни Лангариевҳо, полковники милитсия, собиқ фармондеҳи Дастаи махсуси зудамал пас аз 7 сол моҳи октябри соли гузашта ба Тоҷикистон баргашт. То замони тарки Тоҷикистон дар соли 2008 ӯ ба ҳайси роҳбари шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили РВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаъолият мекард.
Пас аз рӯйдодҳои соли 2008 дар Кӯлоб, ки ба бародари хурдии Лангариевҳо – Суҳроб Лангариев марбут буд, Бахтиёр Лангариев Тоҷикистонро тарк кард. Наздикону атрофиёнаш изҳор дошта буданд, ки Бахтиёр дар кишварҳои ИДМ ва Амороти Муттаҳидаи Араб қарор дошта, ба тиҷорат машғул аст.



