ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» як қисмате аз кормандонашро ба рухсатии бемузд гусел карданист, аммо аз шарҳи сабаби ин иқдом дар худи бонк худдорӣ варзиданро авло медонанд.
Аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки то ҳол ҳеҷ нафаре аз кормандони бонк ба рухсатии бемузд фиристода нашудааст ва навиштаҳои бархе аз ВАО дар ин хусус асоси воқеӣ надоранд.
Бино ба гуфти манбаъ, оянда маъмурияти бонк ният дорад, ки як қисмате аз кормандонро ба муҳлати номуайян ба чунин рухсатӣ ҷавоб диҳад. «Мо аллакай имзои шахсонеро, ки ихтисор мешаванд, гирифтем, яъне онҳоро аз нияти худ огоҳ кардем», – гуфтанд дар бонк.
Дар робита ба муайян кардани сабаби чунин тасмим гирифтани бонк ба мо тавсия доданд, ки ба раҳбарияти бонк муроҷиат кунем, вале то ҳол тамос гирифтан бо онҳо муяссар намешавад.
Қобили зикр аст, ки аз оғози сол доир ба «пардохтнопазирӣ» ва ва гӯё муфлисшавии имконпазири ин бонк овозаҳо ҷой доранд.
Санаи 9 марти соли равон масъулини Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки Аврупоӣ оид ба таҷдид ва рушд (БАТР) масъалаи рушди сохтори бонкии Тоҷикистон, бахусус нақши бонкҳои низомсоз ба монанди «Тоҷиксодиротбонк»-ро
баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин ахири моҳи март дар
маҷлиси солонаи умумии
саҳҳомони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» низ масоили солимгардонии вазъи молиявӣ баррасӣ шуда буд.





