Семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 11,4 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии ҳудуди 6,2 ҳазор тонна аз 32 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст.
Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Чин (36,1%), Русия (19%), Покистон (11,2%), Ҳиндустон (8,7%), , Дания (4,5%), Туркия (3,4%), Озарбойҷон (3,3%), Франсия (3%), Таиланд (2,3%), Нидерланд (2%), ИМА (1,9%) ва Ҷумҳурии Корея (0,9%) рост меояд.
Моҳҳои январ-марти соли гузашта ба Тоҷикистон аз ҷониби 25 кишвари дунё ба маблағи умумии беш аз 10,3 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардида буд.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ба Тоҷикистон аз ҷониби 42 кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона фиристода шуда буд.





