Сокини пойтахт барои нияти пайвастан ба сафҳои ДИ маҳкум шуд



Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини пойтахт Насим Хушвахтовро ба гумони пайвастан ба сафҳои Давлати исломӣ (ДИ) ба итмом расонид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, бо ҳалномаи суди ноҳияи Исомили Сомонӣ шаҳрванди номбурда аз рӯи қисми 3 моддаи 32 – моддаи 401.

1

Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор эътироф гардида, ба 6 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Гуфта мешавад, маҳкумшуда моҳи марти соли гузашта муҳоҷират ба Русияро ихтиёр намуда, моҳи октябри ҳамин сол дар Маскав ҳамроҳ бо писари тағояш Заробиддини Раҳматуллозода дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо аъзои гурӯҳи террористӣ бо номҳои “Ахи” ва “Мусаб” мукотиба намуда, даъвати онҳоро оид ба иштирок дар гурӯҳи экстремистӣ-террористии “Давлати Исломӣ”қабул ва ҷонибдорӣ кардааст.

Сипас, ӯ бо мақсади аъзои ин гурӯҳи террористӣ шудан ва дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия иштирок намудан, 3 феврали соли 2016  тавассути хатсайри Москва – Истамбул ба давлати Туркия парвоз карданӣ шуда, аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти Федератсияи Россия дастгир ва ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон супурда шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное