Путин Ӯзбекистонро шарики боэътимод медонад



Президенти Русия Владимир Путин Ӯзбекистонро шарики стратегӣ ва иттифоқчии боэътимоди Русия номида, изҳор дошт, ки миёни шарикон дар муомилоти молӣ бо ин кишвар Русия мақоми дуюмро дорад.

Бино ба иттилои

сомонаи

расмии Кремл, В.Путин зимни мулоқоти рӯзи сешанбе бо президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов қайд кардааст, ки «ҳиссаи мо дар муомилоти моли хориҷии Ӯзбекистон зиёда аз 17%-ро ташкил медиҳад». Зимни мулоқот сарони кишварҳо ҳамчунин рушди иқтисод ва афзоиши ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба, аз ҷумла ба таври назаррас болоравии ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русяиро таъкид доштаанд.

Нашрияи

«Коммерсантъ»

дар ин робита менависад, ҷонибҳо ҳамчунин масоили марбут ба нишасти сарони кишварҳои узви Созони ҳамкории Шанхайро, ки 23-24-июни дар Тошканд доир мегардад, масъалаҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, мушкилоти амният дар марзи Ӯзбекистону Русия ва вазъ дар Афғонистонро низ баррасӣ кардаанд.

Тибқи маълумоти

сомонаи

расмии президенти Ӯзбекистон, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид миёни Русия ва Ӯзбекистон як қатор асноди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, маълумоти олӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба имзо расида, дар вохӯрӣ бо намояндагони ВАО В.Путин ва И.Каримов «монандӣ ва наздикии мавқеъҳои ҷонибҳо дар масъалахои баррасишуда»-ро зикр кардаанд.

spot_imgspot_img

Популярное