Дар Женева вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад

Вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврии Шурои СММ оид ба  ҳуқуқи инсон бори дуюм дар санаи 6 майи соли 2016 зимни ҷаласа дар Женева, ки ба тариқи интернет мустақим пахш мегардад ( webcast live ), баррасӣ мешавад. Тоҷикистон яке аз 14 кишварест, ки бояд аз ҷониби Гурӯҳи кории Шарҳи […]



Вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврии Шурои СММ оид ба  ҳуқуқи инсон бори дуюм дар санаи 6 майи соли 2016 зимни ҷаласа дар Женева, ки ба тариқи интернет мустақим пахш мегардад (


webcast live


), баррасӣ мешавад.

Тоҷикистон яке аз 14 кишварест, ки бояд аз ҷониби Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврӣ дар иҷлосияи ояндаи он аз 2 то 13 май бознигарӣ шавад.

Бознигарии аввали Тоҷикистон

3 октябри соли 2011 баргузор шуда буд.

Бознигарӣ ба санадҳои зерин асос меёбад: 1) гузориши миллӣ –маълумоте, ки аз ҷониби кишвари таҳти баррасӣ омода шудааст 2) маълумоте, ки дар гузоришҳои коршиносон ва гурӯҳҳои мустақили ҳуқуқи башар – Расмиёти махсус, ниҳодҳои созишномавии ҳуқуқи башар ва дигар ниҳодҳои СММ мавҷуданд; 3) маълумоте, ки аз ҷониби тарафҳои манфиатдори дигар, ба шумули муассисаҳои миллии ҳуқуқи башар, созмонҳои минтақавӣ ва гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ омода шудааст.

Санадҳои дар боло зикршуда, аз ҷумла ин масъалаҳоро дарбар мегиранд: қадамҳои барои бекор кардани ҳукми қатл гузошташуда; қонунгузории зидди табъиз; табъиз бар зидди занон, шахсони маъюб ва шахсони лесбиан, гей, дуҷинса (биссексуал) ва транссекусуал (тағйири ҷинс); шиканҷа ва бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳо ва бар зидди сарбозони тозадаъватшуда дар қувваҳои мусаллаҳ; ислоҳот дар низоми адлияи ноболиғон; хушунат бар зидди занон; меҳнати кӯдакон, ҷазои ҷисмонии кӯдакон, мустақил будани низоми судӣ, таҳдидҳо ва тарсдиҳиҳо бар зидди адвокатҳо ва ҳуқуқдонҳо; маҳдудиятҳо барои озодии динӣ, вазъияти озодии баён, бастани вебсайтҳо, маҳдудиятҳо дар ҷамъшавӣ ва анҷуманҳои сулҳомез;  иқдомҳои қасдгирона бар зидди мудофеони ҳуқуқи башар; иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ; кӯшишҳо барои мубориза бар зидди тиҷорати одамон, таҳсилот ба забонҳои ақаллиятҳо, ислоҳот дар бахши тандурустӣ ва дастрасӣ ба оби ошомидании тоза ва санитария.

Се гузоришеро, ки рӯзи 6 май ба сифати асос барои гузориш дар бораи Тоҷикистон хидмат мекунанд, дар ин вебсайт пайдо кардан мумкин аст:  

http://www.ohchr.org/EN/HRBodies/UPR/Pages/TJSession25.aspx

Шарҳи универсалии даврӣ як раванди махсус аст, ки бознигарии давравии вазъи ҳуқуқи башар барои ҳамаи 193 кишвари узви СММ-ро дарбар мегирад. Аз замони ҷаласаи якуми он, ки моҳи апрели соли 2008 баргузор шуд, ҳамаи 193 кишвари узв дар давраи якум ва 168 кишвар дар давраи дуюм бознигарӣ шудаанд. Мақсади бознигарии дувуми кишварҳо муайян кардани пешрафтҳо дар соҳаи ҳуқуқи башар дар кишварҳо мебошад, зеро аз замони бознигарии аввал барои кишвар чунин фурсате фароҳам мешавад, ки тадбирҳои худро барои амалисозии тавсияҳо дар вақти бознигарии якум дида барояд. 

Ҳайати Тоҷикистонро ҷаноби Рустам Шоҳмурод – вазири адлияи ҶТ роҳбарӣ мекунад.

Намояндагони се кишвар (тройка) – Арабистони Саудӣ, Алҷазоир ва Олмон ҳамчун гузоришгар барои бознигарии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Пахши мустақими ҷаласа аз тариқи интернет дар нишонии зерин дастрас мегардад:  

http://webtv.un.org

Рӯйхати баромадкунандагон ва ҳамаи изҳороти мавҷуда, ки ҳангоми бознигарии Тоҷикистон истифода мешаванд, дар шабакаи берунии (экстранети) Шарҳи универсалии даврӣ дар пайвандгоҳи зерин гузошта хоҳанд шуд [номи корбар: hrc extranet (бо фосила); пассворд: 1session]: 

https://extranet.ohchr.org/sites/upr/Sessions/25session/Tajikistan/Pages/default.aspx

Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврӣ мутобиқи нақша тавсияҳо барои Тоҷикистонро дар соати 13.30 рӯзи 11 май тасдиқ мекунад. Кишвари дар бознигарӣ қарордошта метавонад мавқеи худро дар бораи тавсияҳои дар вақти бознигарӣ пешниҳодшуда баён кунад. Тавсияҳо дар ВАО ҳамон рӯз пешакӣ нашр хоҳанд шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.