Прокуратураи генералӣ шиканҷаҳои равонӣ нисбати аъзои ҲНИТ-ро рад мекунад

Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабарҳои беасос ва бардурўғ дар бораи поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла таҳти шиканҷа ва фишор қарор гирифтани аъзои собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) ва наздикони онҳоро, ки ахиран аз ҷониби баъзе  муаллифони шахсияташон номаълум бо мақсади бадном намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаҳои гуногуни интернетӣ паҳн карда мешаванд, қотеъона рад […]



Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабарҳои беасос ва бардурўғ дар бораи поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла таҳти шиканҷа ва фишор қарор гирифтани аъзои собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) ва наздикони онҳоро, ки ахиран аз ҷониби баъзе  муаллифони шахсияташон номаълум бо мақсади бадном намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаҳои гуногуни интернетӣ паҳн карда мешаванд, қотеъона рад мекунад.

Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ қайд мешавад, ки муаллифони ин гуна хабарҳо  барои асоснокунии ваҷҳҳои худ ягон далел наоварда, аз ифшо кардани ному насабашон канораҷуӣ мекунанд, ки  ин гувоҳи боварӣ надоштани худи онҳо ба гуфтаҳояшон мебошад.

«Аз ҷумла, 15 апрели соли 2016 дар сомонаи интернетии «Паём.нет.» хабарнома таҳти унвони «Шиканҷаҳои равонӣ аллайҳи маҳбусони сиёсӣ» пахш карда шуда, дар он омадааст, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон шиканҷа ва фишорҳои равонӣ алайҳи маҳбусони сиёсӣ шуруъ шуда, ба сифати мисоли он гӯё зери шиканҷа қарор гирифтани аъзои Раёсати Олии собиқ ҲНИТ Қосидинов Воҳидхон ва Сайфуллозода Ҳикматулло оварда шудааст», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, Прокуратураи генералии ҶТ ваҷҳҳои мақолаи мазкурро мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор дода, муайян кардааст, ки Қосидинов Воҳидхон ва Сайфуллозода Ҳикматулло, ки айни ҳол барои содир намудани ҷиноятҳои мушаххас дар Муассисаи тафтишотӣ қарор доранд, хабари паҳншударо қатъиян рад карда, иброз намуданд, ки касе онҳоро зери шиканҷа ва ё фишори руҳӣ қарор надодааст.

Зимнан зикр мегардад, ки риояи тартиб ва шароитҳои нигоҳдории маҳбусон дар муассисаҳои тафтишотӣ ва ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ зери назорати доимии мақомоти прокуратура қарор дорад.

Таъкид мешавад, ки ҳар як ариза ё иттилоъ оид ба шиканҷа ё муносибати бераҳмона  нисбати маҳбусон ҳатман мавриди санҷиши беғаразона ва ҳаматарафаи мақомоти прокуратура қарор дода, дар ҳолати тасдиқ гардиданашон шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.