Президенти Афғонистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ рӯзҳои 10-11 май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода мешавад. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ моҳи сентябри соли 2014 ба мансаби раисҷумҳури Афғонистон интихоб шуда, ин боздид нахустин сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон аст. Пас аз анҷоми расмиёти сафари расмӣ […]



Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ рӯзҳои 10-11 май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода мешавад.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ моҳи сентябри соли 2014 ба мансаби раисҷумҳури Афғонистон интихоб шуда, ин боздид нахустин сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон аст.

Пас аз анҷоми расмиёти сафари расмӣ санаи 12 май президенти Афғонистон ҳамроҳ бо сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва нахуствазири Покистон дар маросими оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 (Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ) иштирок мекунад.

Дар

маводи ВКХ Тоҷикистон

доир ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон қайд мешавад, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 15 июли соли 1992 барқарор гардидаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон соли 2001 расман ба фаъолият шурӯъ кард. Аввалин консулгарии Тоҷикистон дар ш. Толиқон, вилояти Тахор Афғонистон соли 1996 ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон 25 октябри соли 2010 ба вуқӯъ пайваст. Мулоқотҳои президентҳои ду кишвар солҳои 1996, 2001 ва 2006 дар Тоҷикистон ва солҳои 1993, 1995 ва 2010 дар Афғонистон баргузор гардидаанд.

Дар Тоҷикистон ҷамъ 85 ширкатҳои афғонӣ фаъолият мекунад. Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Тоҷикистону Афғонистонро беш аз 70 санади ҳуқуқӣ дар самтҳои мухталифи ҳамкории ду кишвар ташкил мекунад. Дар соли 2013 барои шаҳрвандони Афғонистон барои таҳсил дар макотиби олии Тоҷикистон 50 бурсия ҷудо шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.