Ихроҷи боз як ташкилоти қарзӣ аз низоми бонкии Тоҷикистон

Боз як ташклоти қарзии ҷумҳурӣ маҷбур аст, ки фаъолити худро дар низоми бонкии Тоҷикистон қатъ намояд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), сеюми майи соли равон, бо қарори навбатии Раёсати БМТ, дар асоси моддаи 6 Қонуни ҶТ “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва аризаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ аз ҷониби ҶДММ ТҚХ “Ҳақиқи Ҷаҳон” […]

ASIA-Plus



Боз як ташклоти қарзии ҷумҳурӣ маҷбур аст, ки фаъолити худро дар низоми бонкии Тоҷикистон қатъ намояд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), сеюми майи соли равон, бо қарори навбатии Раёсати БМТ, дар асоси моддаи 6 Қонуни ҶТ “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва аризаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ аз ҷониби ҶДММ ТҚХ “Ҳақиқи Ҷаҳон” фаъолияти ташкилоти қарзии номбурда қатъ карда шуд.

Мутобиқи қарори зикршуда, иҷозатномаи ташкилоти қарзии номбурда, ки аз ҷониби БМТ 14 ноябри соли 2012 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.

Дар асоси қарори қабулгардида, аз тарафи мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ “Ҳақиқи Ҷаҳон” Комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода шуда, масъулияти анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзии мазкур ба дӯши он гузошта шудааст.

Гуфта мешавад, ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилоти зикргардида дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби масъулини БМТ омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд

Ёдрас мекунем, ки ахири соли гузашта даҳҳо ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ фаъолияти худро қатъ намуданд. Боз як қатор аз чунин ташкилотҳо маҷбур буданд, ки аввали соли равон ба ин амал даст зананд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, айни замон боз 21 ташкилоти қарзӣ дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.