Имкони содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Эрон

Тоҷикистон ният дорад, ки дар оянда тариқи қаламрави Ӯзбекистон ва Туркманистон нерӯи барқи худро ба Эрон интиқол диҳад. Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, маблағгузорӣ ба лоиҳаи хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500кВт Роғун – Регар – Гузар – Қаракӯл – Чорҷӯ – Марв – Машҳад 166,5 млн. доллари ИМА […]

Пайрав Чоршанбиев



Тоҷикистон ният дорад, ки дар оянда тариқи қаламрави Ӯзбекистон ва Туркманистон нерӯи барқи худро ба Эрон интиқол диҳад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, маблағгузорӣ ба лоиҳаи хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500кВт Роғун – Регар – Гузар – Қаракӯл – Чорҷӯ – Марв – Машҳад 166,5 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Аз рӯи хатсайри хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ метавон ҳадс зад, ки нерӯи барқи ба Эрон содиротмешуда яқинан аз нерӯгоҳи Роғун интиқол хоҳад ёфт, ки айни замон сохтмони ин иншоот идома дорад.

Масофиаи ин хатти интиқоли барқ тақрибан 250 километрро ташкил медиҳад. Қисмате аз ин хат, аз Марви Туркманистон то Машҳади Эрон аллакай вуҷуд дорад. Муҳлати худкифоӣ ё хароҷотбарории лоиҳа танҳо баъди таҳияи лоиҳаи арзёбии фанниву иқтисодии он маълум хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки айни замон Тоҷикистон имкон дорад, ки дар мавсими тобистон нерӯи барқи зиёдатии худро дар ҳаҷмҳои начандон зиёд ба Афғонистон ва Қирғизистон содирот намояд.

Пас аз амалисозии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 Тоҷикистон ният дорад, ки дар мавсими тобистон ҳаҷми интиқоли барқ ба Афғонистонро афзуда, ҳамчунин содироти он ба Покистонро низ ба роҳ монад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.