Бузургмеҳр Ёров хизмати адвокатро рад ва ивази судяро дархост кард

Рӯзи 3 май дар толори суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мурофиаи судӣ нисбати адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов оғоз гардид. Сарфи назар аз ваъдаҳои ҳукуматдорон, рӯзноманигорон, намояндагони сафоратхонахои хориҷиву созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон ба мурофиа роҳ дода нашуданд. Парвандаро суди шаҳри Душанбе баррасӣ мекунад, вале бинобар сабаби таъмири бинои суд, он дар толори суди […]

Мавзуна Абдуллоева



Рӯзи 3 май дар толори суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мурофиаи судӣ нисбати адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов оғоз гардид. Сарфи назар аз ваъдаҳои ҳукуматдорон, рӯзноманигорон, намояндагони сафоратхонахои хориҷиву созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон ба мурофиа роҳ дода нашуданд.

Парвандаро суди шаҳри Душанбе баррасӣ мекунад, вале бинобар сабаби таъмири бинои суд, он дар толори суди яке аз ноҳияҳои шаҳр доир мегардад. Мурофиа бо танаффуси якунимсоата бо иштироки хешовандони гумонбаршудагон оғоз гардид.

Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, бародари ӯ Бузургмеҳр тасмим гирифтааст, ки аз хизмати адвокати худ Рустам Ҳакимов даст кашад, чунки бар ин назар аст, ки вақти барои ба Ҳакимов додашуда барои шиносоӣ бо маводи парванда, ки ҳамагӣ 2 рӯзро ташкил медод, кофӣ нест. Ғайр аз ин, Ёров ва Маҳкамов аз раисикунандаи мурофиа дархост намудаанд, ки судя Асомиддин Бобохонзода иваз карда шавад. Пас аз дархости айбдоршавандагон суд ба хонаи машваратӣ хориҷ шуд. Ҷаласаи навбатӣ ба санаи 10 май таъин шуд.

Пас аз мурофиа ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова изҳор дошт, ки рӯзи аввали мурофиа Бузургмеҳр Ёров гуфтааст, ваҷҳу далелҳои ба сифати исботи бегуноҳии ӯ пешниҳодшуда ба маводҳои парванда ҳамроҳ нашуда, ин бори дигар хусусияти сиёсии фармоишӣ доштани парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯро собит месозад. «Ӯ таъмини мурофиаи мустақил ва мунсифонаро дархост кард», – афзуд Бобоназарова.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта нисбати Бузургмеҳр Ёров мутобиқи моддаҳои 189 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ); 247 (Қаллобӣ); 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ), 307.1 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Бузургмеҳр Ёров 29 сентябри соли гузашта баъди аз ҷониби ӯ таъсис дода шудани Кумитаи ҳимояи аъзои ҳабсшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Б.Ёров ҳамчунин шахси бовариноки раиси Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ буд. Баъди як рӯзи изҳороти Б.Ёров оид ба нисбати аъзои ҳабсшудаи ҲНИТ истифода шудани шиканҷа, ӯ ба қаллобӣ муттаҳам ва ба ҳабс гирифта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.