Иттиҳоди Аврупо сатҳи баланди зӯроварӣ ба журналистонро маҳкум мекунад

Дар Изҳороти Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо хонум Федерика Могеринӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот қайд мешавад, ки имкони ҷустуҷӯ, дарёфт ва пешниҳоди маълумот ин қисми ҳуқуқи озодии ақида ва озодии баён буда, он ҷузъи муҳими ҳокимияти демократӣ ва рушди демократия аст. «Имрӯз мо Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуотро ҷашн мегирем. Иттиҳоди Аврупо дар рӯзи 25-ум […]



Дар Изҳороти Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо хонум Федерика Могеринӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот қайд мешавад, ки имкони ҷустуҷӯ, дарёфт ва пешниҳоди маълумот ин қисми ҳуқуқи озодии ақида ва озодии баён буда, он ҷузъи муҳими ҳокимияти демократӣ ва рушди демократия аст.

«Имрӯз мо Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуотро ҷашн мегирем. Иттиҳоди Аврупо дар рӯзи 25-ум солгарди қабул шудани Эъломия Виндхок (пойтахти Намибия) мехоҳад, ки як муқаррароти онро ба ҳамагон хотиррасон намояд, яъне “матбуоти мустақил, гуногунандеш ва озод барои таъмини демократия ва рушди иқтисодӣ хело муҳим аст ва ҳар як кишвар бояд онро таъсис, нигоҳдорӣ ва ривоҷ бидиҳад», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, одамон бояд тавонанд ахбороти пурра гирифта, ба як ақидае оянд то дар равандҳои қабули қарорҳое, ки ба ҳаёти онҳо таъсир мерасонанд, иштирок кунанд. «Инчунин, озодии иттилоотӣ умуман идоракуниро беҳтар намуда, ба инкишофи шаффофияти корҳои давлатӣ мусоидат мекунад ва ин метавонад як асбобе шавад, ки ҳукуматҳо барои амалҳои худ ҷавобгар бошанд, хусусан агар дар натиҷаи дастрасӣ ба иттилоот вайронкуниҳои ҳуқуқи башар ва ё қазияҳои коррупсионӣ фош шаванд. Дастрасӣ ба иттилоот метавонад адолатро ҷорӣ ва ҷубронро таъмин намояд, хусусан баъд аз фош гардидани вайронкуниҳои ҷиддии ҳуқуқи инсон», – баён мешавад дар изҳорот.

Зикр мегардад, ки Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки минбаъд ҳам ба озодии ақида ва баён дар саросари ҷаҳон мусоидат кунад, чи даруни фазои электронӣ ва дигар технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва чи берун аз онҳо. Ин масъала соли 2014 бо қабули Дастури ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Аврупо оиди озодии баён дар фазои электронӣ ва ғайриэлектронӣ ба таври равшан баён шудааст.

Қайд мешавад, ки ҳуҷҷати мазкур сатҳи баланди таҳдиду зӯровариро, ки журналистон, ҳомиёни ҳуқуқи башар, фаъолони васоити ахбори омма ва шахсони дигар дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳангоми истифода аз ҳуқуқи озодии ақида ва баён дар даруну беруни фазои электронӣ рӯ ба рӯ мешаванд, маҳкум мекунад.

«Иттиҳоди Аврупо бар зидди зӯроварии ошкор ва ҳамчунин бар зидди қонунҳо ва тартиботе, ки сензура ва ё худсензураро, ҷазоҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҷиноӣ, молиявӣ ва маъмуриро ҷорӣ менамоянд ва аз шароити номусоиди бозорӣ ва иқтисодӣ сӯиистифода мекунанд, муборизаи қатъӣ хоҳад бурд», – таъкид мешавад дар изҳорот.

Ҳамчунин гуфта мешавад, Иттиҳоди Аврупо бори дигар омодагии худро барои мусоидат ва дастгирии озодии ақида ва баён таъкид мекунад, зеро ин ҳуқуқи ҳар як инсон дар ҳар як гӯшаи дунё мебошад ва онро бояд сарфи назар аз марзҳои давлатӣ ва тавассути ҳар гуна васоити ахбор дар асоси принсипҳои умумият, баробарӣ, роҳ надодан ба табъиз амалӣ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.