Боз як ташклоти қарзии ҷумҳурӣ маҷбур аст, ки фаъолити худро дар низоми бонкии Тоҷикистон қатъ намояд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), сеюми майи соли равон, бо қарори навбатии Раёсати БМТ, дар асоси моддаи 6 Қонуни ҶТ “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва аризаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ аз ҷониби ҶДММ ТҚХ “Ҳақиқи Ҷаҳон” фаъолияти ташкилоти қарзии номбурда қатъ карда шуд.
Мутобиқи қарори зикршуда, иҷозатномаи ташкилоти қарзии номбурда, ки аз ҷониби БМТ 14 ноябри соли 2012 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.
Дар асоси қарори қабулгардида, аз тарафи мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ “Ҳақиқи Ҷаҳон” Комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода шуда, масъулияти анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзии мазкур ба дӯши он гузошта шудааст.
Гуфта мешавад, ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилоти зикргардида дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби масъулини БМТ омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд
Ёдрас мекунем, ки ахири соли гузашта даҳҳо ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ фаъолияти худро қатъ намуданд. Боз як қатор аз чунин ташкилотҳо маҷбур буданд, ки аввали соли равон ба ин амал даст зананд.
Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, айни замон боз 21 ташкилоти қарзӣ дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.





