Ба CASA-1000 нахуствазирони кишварҳои узви лоиҳа ҳусни оғоз мебахшанд

Пайрав Чоршанбиев



Маросими расмии оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 (Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ) бо иштироки нахуствазирони кишварҳои узви лоиҳа доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, дар маросими оғози амалисозии лоиҳа президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, нахуствазири Афғонистон Абдулло Абдулло ва нахуствазири Покистон Навоз Шариф ширкат меварзанд.

Ҳамчунин дар ин чорабинӣ аз иштироки шахсони воломақоми расмии чор кишвари узви лоиҳа, намояндагони ниҳодҳои молии байнулмилалӣ, котиботи CASA-1000 ва ташкилотҳои мададрасону шарикон интизорӣ меравад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ба корҳои амалисозии лоиҳа нимаи аввали рӯзи 12 май дар шаҳри Турсунзода ҳусни оғоз бахшида мешавад.

Дар Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) cохтмони хати баландшиддати интиқоли барқ барои содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст.

Амалисозии лоиҳаи мазкур дар муддати ду сол пешбинӣ гардида, буҷети умумии лоиҳа беш аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...