Даргузашти Рассоми халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов

Шоми рӯзи 10 май Рассоми халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон Суҳроб Усмонович Қурбонов дар синни 71-солагӣ аз олам даргузашт. Бино ба маълумоти наздикону хешовандонаш, рассом рӯзи 9 май бо бемории шадиди қалб дар бемористон бистарӣ шуда, вале табибон ӯро наҷот дода натавонистаанд. Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои Душанбе доир мегардад. Суҳроб Қурбонов […]

Аваз Юлдошев



Шоми рӯзи 10 май Рассоми халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон Суҳроб Усмонович Қурбонов дар синни 71-солагӣ аз олам даргузашт.

Бино ба маълумоти наздикону хешовандонаш, рассом рӯзи 9 май бо бемории шадиди қалб дар бемористон бистарӣ шуда, вале табибон ӯро наҷот дода натавонистаанд. Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои Душанбе доир мегардад.

Суҳроб Қурбонов соли 1946 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба дунё омада, хатмкардаи Омӯзишгоҳи бадеии ба Номи М.Олимов дар шаҳри Душанбе ва Донишкадаи давлатии бадеии ба номи В.Суриков дар Маскав мебошад.

Давоми кору зиндагиаш ба ҳайси раиси Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон ва котиби Раёсати Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият намуда, соли 1989 вакили мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шудааст.

Дорандаи ҷоизаҳои сершумори давлатӣ, муаллифи нишон, рамзу нигораҳо ва ордену медалҳои ҷумҳурӣ аст. Дар Душанбе толори мусаввараҳои нахустин дар Тоҷикистон «Арт-галереяи Сӯҳроб»-ро таъсис додааст.

Дар намоишгоҳҳои шахсӣ ва умумии даҳҳо кишварҳои саросари дунё асарҳои офаридаи ӯ ба маърази тамошо гузошта шуда, бисёре аз асарҳои рассом дар осорхонаҳои бисёре аз кишварҳои дунё маҳфузанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио