Имтиҳоноти дохилшавӣ ба коллеҷу техникумҳо дар ММТ



Минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ сарфи назар аз шакли моликияти онҳо бояд дар Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди президенти ҷумҳурӣ имтиҳон супоранд.

Имрӯз, 13 май вакилони палатаи поёнии парлумон чунин тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба қонун «Дар бораи маориф»-ро маъқул шумориданд.

Ба гуфтаи муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода, ин талабот ба муассисаҳои таълимие, ки барои сохторҳои қулдратии ҷумҳурӣ кадрҳо тайёр мекунанд, дахл нахоҳад дошт.

«Ин талабот ба бартараф кардани муомилоти коррупсионӣ зимни дохилшавӣ ба коллеҷу техникумҳо ва дигар муассисаҳои таълимии касбӣ равона шудааст», – изҳор кард муовини вазир.

spot_imgspot_img

Популярное