Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 10% кам шуд



Тӯли 4 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 млрд. 185 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 10,2% ё худ 135 млн. доллар камтар аст.

Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, 656 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти мол давоми 4 моҳи аввали соли ҷорӣ 265 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2015 ба миқдори 24,4 млн. доллари ИМА ё худ 8,4% камтар аст. Аз ҷумла ҳаҷми содироти пахта нисбат ба соли гузашта қариб 25% коҳиш ёфтааст.

Ҳаҷми воридоти мол дар ин давра ба 920 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба 4 моҳи аввали соли гузашта ба андозаи 10,7% ё худ 110 млн. долллари ИМА камтар мебошад. Масалан, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ – 35% ва орд қариб 32 кам шуда, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти гандум 26% афзудааст.

Давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 97 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Чин (298 млн. $), Русия (287 млн. $), Қазоқистон (192 млн. $) ва Туркия (105 млн. $) дониста шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное