Омӯзгори Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ва яке аз собиқ фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Мулло Абдураҳим (Абдураҳим Каримов) тасдиқ кард, ки домодаш Мирзоназар Фозилов боздошт шудааст.
А.Каримов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи душанбе, 16 май кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шавҳари духтараш Мирзоназарро дар манзили зисташ дар Душанбе боздошт кардаанд.
«Ман ҳақиқатан ҳам намедонам, ки Мирзоназар Фозиловро бо кадом сабаб боздошт кардаанд ва инро айни замон ҳеҷ касе аз аҳли оилаи мо намедонад. Аҳли оилаам ҳамин ҳозир гуфтанд, ки дирӯз кормандони КДАМ омада, ӯро бо худ бурдаанд», – гуфт ӯ.
Мирзоназар Фозилов тахминан 35-40-сола буда, хатмкардаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байнулмилалии Исломобод (Покистон) аст. Ӯ бо духтари мулло Абдураҳим издивоҷ карда, соҳиби 5 фарзанд мебошанд.
Мулло Абдураҳим (Абдураҳим Каримов), собиқ фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муддате ба Кумитаи гумруки кишвар роҳбарӣ карда, минбаъд дар вазифаи декани факултаи филологияи Шарқи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Абӯ Ҳанифа ифои вазифа кард ва айни замон дар ин ҷо омӯзгорӣ мекунад.



