Дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови пойтахт бахшида ба 80-солагии Ҳунарманди Мардумии ИҶШС Ҳошим Гадо 5-умин ҷашнвора-озмуни байналмиллалии театрии “Нигоҳи нав” ифтитоҳ ёфт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, ҷашнвора аз 16 то 20-уми май идома ёфта, ҳамарӯза аз соати 10:00 то 20:00 намоиш ва дарсҳои устод-шогирдӣ манзури тамошобин хоҳад гашт.
Гуфта мешавад, дар ин ҷашнвора ҳунармандони 7 театр – 4 театри Тоҷикистон, ки қаблан ба Шоҳҷоизаи ин ҷашнвора мушарраф гардида буданд иштирок карда, ҳамчунин ба сифати меҳмонон театрҳои кишварҳои Қазоқистон ва Қирғизистон низ даъват шудаанд.
Ёдрас мешавад, ки ҷашнвора – озмуни «Нигоҳи нав» соли 2012 аз ҷониби донишҷӯёни соҳибистеъдоди шӯъбаи актёрӣ ва коргардонии ДДСТ ба номи М. Турсунзода Далери Эмомалӣ ва Шоҳҷамшед Умарӣ ташкил гардида, ҳамасола дар моҳҳои апрел – май баргузор мегардад.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳадаф аз ташкили ин ҷашнвора – озмун дарёфти нигоҳи нав дар театри тоҷик ва сарҷамъ кардану кашфи истеъдодҳо дар ин соҳа дониста шудааст.
Қобили зикр аст, ки дастгирии иттилоотии ин чорабиниро радиои «Ховар», «Ватан», «Имрӯз» ва ҳамчунин васоити ахбори умуми чопиву электронии ватанӣ таъмин мекунанд.





