Фарзияи нави сабаби муноқиша дар оромгоҳи Маскав



Сабаби занозанӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав шояд муноқишаи шахсӣ миёни яке аз гумонбаршудагон дар парванда ва тоҷикон бошад, ки ғайриқонунӣ дар ин қабристон кор мекарданд.

Имрӯз нашрияи

«Коммерсант»

дар ин робита менависад, иҷрои кори пастсифат дар ободонӣ ва ороиши қабри яке аз гумонбаршудагон дар парванда ба ин моҷаро сабаб шудааст.

Бо истинод ба намояндаи гумонбаршудагон дар бетартибӣ нашрия ишора кардааст, ки фармоишгар ба коргарони ғайриқонунӣ машғули кор дар қабристон пардохти маблағи корашонро рад карда, рӯзи дигар қабрро «дар ҳолати боз ҳам бадтару ҳузновар» мебинад.

Аз ин ҳолат фармоишгар ба хулосае мерасад, ки коргарон бо ҳамин тарз аз ӯқасос гирифтаанд ва барои «гуфтугӯ» бо намояндагони калонсоли диаспора, дӯстони самбочиашро даъват мекунад, вале аз ин вохӯрӣ ба ҷуз таҳдиду ваъдаҳои нохушӣ овардан ба ҳамдигар, дигар ҳеҷ натиҷае ҳосил намешавад. Баъди ин «варзишгарон» гӯё аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои тиҷораташон ҳақ (пул) талаб кардаанд.

Аммо дар рӯзи «гуфтугӯ»-и ҳалкунанда коргарон аз Тоҷикистон боз садҳо нафар ҳамдиёрони худро даъват намуда, онҳо мусаллаҳ бо белу арматура ҳозир шудаанд.  Қувваҳо нобаробар ва «варзишгарон» аз силоҳ оташ кушода, паноҳ бурданӣ шудаанд, лекин ин кор барояшон муясссар нагардидааст, чунки он замон аллакай кормандони пулис ба он ҷо омадаанд.

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар қабристони бузурги Хованскоеи шаҳри Маскав занозании оммавӣ ба вуқӯъ пайваст. Бино ба маълумоти ВКД, дар он ҳудуди 200 нафар ширкат варзида, се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва наздики 30 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тибқи фарзияи пешакӣ, муноқиша бинобар сабаби таҳти назорат гирифтани қаламрави хизматгузорӣ дар қабристон рух додааст.

spot_imgspot_img

Популярное