Фарзияи нави сабаби муноқиша дар оромгоҳи Маскав

Сабаби занозанӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав шояд муноқишаи шахсӣ миёни яке аз гумонбаршудагон дар парванда ва тоҷикон бошад, ки ғайриқонунӣ дар ин қабристон кор мекарданд. Имрӯз нашрияи «Коммерсант» дар ин робита менависад, иҷрои кори пастсифат дар ободонӣ ва ороиши қабри яке аз гумонбаршудагон дар парванда ба ин моҷаро сабаб шудааст. Бо истинод ба намояндаи […]

ASIA-Plus



Сабаби занозанӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав шояд муноқишаи шахсӣ миёни яке аз гумонбаршудагон дар парванда ва тоҷикон бошад, ки ғайриқонунӣ дар ин қабристон кор мекарданд.

Имрӯз нашрияи

«Коммерсант»

дар ин робита менависад, иҷрои кори пастсифат дар ободонӣ ва ороиши қабри яке аз гумонбаршудагон дар парванда ба ин моҷаро сабаб шудааст.

Бо истинод ба намояндаи гумонбаршудагон дар бетартибӣ нашрия ишора кардааст, ки фармоишгар ба коргарони ғайриқонунӣ машғули кор дар қабристон пардохти маблағи корашонро рад карда, рӯзи дигар қабрро «дар ҳолати боз ҳам бадтару ҳузновар» мебинад.

Аз ин ҳолат фармоишгар ба хулосае мерасад, ки коргарон бо ҳамин тарз аз ӯқасос гирифтаанд ва барои «гуфтугӯ» бо намояндагони калонсоли диаспора, дӯстони самбочиашро даъват мекунад, вале аз ин вохӯрӣ ба ҷуз таҳдиду ваъдаҳои нохушӣ овардан ба ҳамдигар, дигар ҳеҷ натиҷае ҳосил намешавад. Баъди ин «варзишгарон» гӯё аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои тиҷораташон ҳақ (пул) талаб кардаанд.

Аммо дар рӯзи «гуфтугӯ»-и ҳалкунанда коргарон аз Тоҷикистон боз садҳо нафар ҳамдиёрони худро даъват намуда, онҳо мусаллаҳ бо белу арматура ҳозир шудаанд.  Қувваҳо нобаробар ва «варзишгарон» аз силоҳ оташ кушода, паноҳ бурданӣ шудаанд, лекин ин кор барояшон муясссар нагардидааст, чунки он замон аллакай кормандони пулис ба он ҷо омадаанд.

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар қабристони бузурги Хованскоеи шаҳри Маскав занозании оммавӣ ба вуқӯъ пайваст. Бино ба маълумоти ВКД, дар он ҳудуди 200 нафар ширкат варзида, се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва наздики 30 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тибқи фарзияи пешакӣ, муноқиша бинобар сабаби таҳти назорат гирифтани қаламрави хизматгузорӣ дар қабристон рух додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.