Кумаки БАТР ба азнавсозии фурудгоҳи Хуҷанд

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 16 майи соли равон маросими рӯнамои лоиҳаи нақшаи генералии рушди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд (ФБХ) баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар ин маросим намояндагони Вазорати нақлиёт, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Тоҷикистон, ширкати «Корпорэйт Солюшнз» (Британияи Кабир), ҳамчунин даъватшудагон аз Бонки […]

ASIA-Plus



Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 16 майи соли равон маросими рӯнамои лоиҳаи нақшаи генералии рушди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд (ФБХ) баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар ин маросим намояндагони Вазорати нақлиёт, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Тоҷикистон, ширкати «Корпорэйт Солюшнз» (Британияи Кабир), ҳамчунин даъватшудагон аз Бонки осиёгии рушд ҳузур доштанд.

Таъкид гардид, ки таҷдиди ФБХ бо кумаки молиявии БАТР ва ҳиссаи ҶСК ФБХ ба роҳ монда шуда, дар доираи лоиҳа 5 сентябри соли 2014 байни Фурудгоҳи Хуҷанд ва ширкати консалтингии «Корпорэйт Солюшнз» ҷиҳати таҳияи «Нақшаи генералии рушди фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» қарордод ба имзо расида буд.

Гуфта мешавад, пас аз муаррифӣ ва таҳлилу баррасии лоиҳа ба Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ супориш дода шуд, то мутобиқи тартиби муқарраршуда роҷеъ ба мувофиқаи нақшаи генералӣ, бо вазорату корхонаҳои марбута тадбирҳои зарурӣ биандешанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.