Сохтмони манзилу мактабҳо ба таври назаррас кам шуд

Тӯли 4 моҳи аввали соли ҷорӣ сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои манзилҳои зистдар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза кам шуд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта майдони манзилҳои мавриди истифода қароргирифта дар ин давра беш аз 30% коҳиш ёфт. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, давоми моҳҳои […]

Пайрав Чоршанбиев



Тӯли 4 моҳи аввали соли ҷорӣ сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои манзилҳои зистдар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза кам шуд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта майдони манзилҳои мавриди истифода қароргирифта дар ин давра беш аз 30% коҳиш ёфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, давоми моҳҳои январ-апрели соли равон 2016 дар маҷмӯъ майдони умумии 161 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои зист ба истифода дода шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 69,8%-ро ташкил медиҳад.

Давоми 4 моҳи аввали соли 2015 дар ҷумҳурӣ майдони умумии 230 ҳазор метри мураббаъ манзили зист мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, ки аз нишондиҳандаи соли 2014  ба андозаи 34% зиёдтар буд.

Дар Агентии омор қайд карданд, ки сохтмони биноҳои манзилҳои зист асосан аз ҷониби субъектҳои бахши ғайридавлатӣ амалӣ мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки соли равон ҳамчунин суръати ба истифода додани мактабҳои муассисаҳои таълимии маълумоти умумӣ низ поин рафт.

Ба иттилои манбаъ, тайи моҳҳои январ-апрели соли 2016 ҳамагӣ як мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 120 нафар толибилмон (ҳамин давраи соли гузашта – 5 мактаб барои 424 нафар хонадагон) мавриди истифода қарор  гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.