Дар ҳоле ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон бо аксари кишварҳои хориҷи наздик рӯ ба коҳиш дорад, афзоиши ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон идома дорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, тӯли 4 моҳи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳудуди 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 баробар зиёдтар аст.
Ҳамчунин имсол болоравии ҳаҷми муомилоти молии Тоҷикистон бо Озарбойҷон (2,8 баробар), Молдова (15%) ва Туркманистон (1,7%) ба қайд гирифта шудааст.
Бо 6 кишвари дигари боқимондаи ИДМ поинравии ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба бо Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Ҳамин тариқ, давоми 4 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Украина ба андозаи 57,5%, Қирғизистон – 35,4%, Арманистон – 28,7%, Беларус – 24,7%, Русия – 19,9% ва Қазоқистон – 10,6% коҳиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, тайи моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молии Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ ба ҳисоби миёна дар маҷмӯъ 14,4% кам шудааст.





