Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мухолифи ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳои Осиёи Миёна пас аз ҳодиса дар қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав изҳори назар кард.
Хабаргузории
РИА Новости
дар ин робита менависад, қаблан зарурати ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистонро муовини аввали раиси Шӯрои Федератсия оид ба мудофиа ва амният Евгений Серебрянников пешниҳод карда буд.
«Ҳатто баррасии зарурати имкони ҷорӣ кардани раводидро зарур намешуморам. Дар паҳнои пасошӯравӣ аз рӯи ин омил тухми ҷудоиандозӣ коштан лозим нест. Ҳодисаи рухдода дар оромгоҳи Хованское ба ҳеҷ ваҷҳ ба сиёсати муҳоҷират рабт надорад», – гуфтааст Матвиенко ба журналистон.
Ӯ таъкид доштааст, ки занозанӣ дар оромгоҳ «бинобар сабаби муноқишаҳои ҷинояткорон бо сабки солҳои 90-ум» рух дода, ин ҷо ба мақомоти интизомӣ, ки ба чунин ҳолат роҳ додаанд, саволҳо пайдо мешаванд.
Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 14 май дар оромгоҳи бузурги Хованскоеи шаҳри Маскав бо иштироки ҳудуди 200 нафар занозанӣ ба вуқӯъ пайваста, се нафар тоҷикистониён ҳалок ва ҷасадҳои онҳо субҳи рӯзи 18 май ба Душанбе оварда шуданд. Беш аз 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба бемористонҳо мунтақил шуда, вазъи чор нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.
Тибқи фарзияи пешакӣ, муноқиша бинобар сабаби таҳти назорат гирифтани қаламрави хизматгузорӣ дар қабристон рух додааст.





