Матвиенко ҷорисозии раводид бо кишварҳои Осиёи Миёнаро зарур намешуморад

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мухолифи ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳои Осиёи Миёна пас аз ҳодиса дар қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав изҳори назар кард. Хабаргузории РИА Новости дар ин робита менависад, қаблан зарурати ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистонро муовини аввали раиси Шӯрои Федератсия оид ба мудофиа ва амният Евгений Серебрянников пешниҳод карда […]

ASIA-Plus



Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мухолифи ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳои Осиёи Миёна пас аз ҳодиса дар қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав изҳори назар кард.

Хабаргузории

РИА Новости

дар ин робита менависад, қаблан зарурати ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистонро муовини аввали раиси Шӯрои Федератсия оид ба мудофиа ва амният Евгений Серебрянников пешниҳод карда буд.

«Ҳатто баррасии зарурати имкони ҷорӣ кардани раводидро зарур намешуморам. Дар паҳнои пасошӯравӣ аз рӯи ин омил тухми ҷудоиандозӣ коштан лозим нест. Ҳодисаи рухдода дар оромгоҳи Хованское ба ҳеҷ ваҷҳ ба сиёсати муҳоҷират рабт надорад», – гуфтааст Матвиенко ба журналистон.

Ӯ таъкид доштааст, ки занозанӣ дар оромгоҳ «бинобар сабаби муноқишаҳои ҷинояткорон бо сабки солҳои 90-ум» рух дода, ин ҷо ба мақомоти интизомӣ, ки ба чунин ҳолат роҳ додаанд, саволҳо пайдо мешаванд.

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 14 май дар оромгоҳи бузурги Хованскоеи шаҳри Маскав бо иштироки ҳудуди 200 нафар занозанӣ ба вуқӯъ пайваста, се нафар тоҷикистониён ҳалок ва ҷасадҳои онҳо субҳи рӯзи 18 май ба Душанбе оварда шуданд. Беш аз 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба бемористонҳо мунтақил шуда, вазъи чор нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Тибқи фарзияи пешакӣ, муноқиша бинобар сабаби таҳти назорат гирифтани қаламрави хизматгузорӣ дар қабристон рух додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.