Бонки ҷаҳонӣ далелҳои қавии лоиҳаи таъмиру таҷдиди нерӯгоҳи Норакро дархост кард

Зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии роҳбари бахши энергетика ва саноати истихроҷ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ранҷит Ламек масоили маблағгузорӣ ба лоиҳаи таъмиру таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Норак бар пояи арзёбии фанниву иқтисодии он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ […]

ASIA-Plus



Зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии роҳбари бахши энергетика ва саноати истихроҷ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ранҷит Ламек масоили маблағгузорӣ ба лоиҳаи таъмиру таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Норак бар пояи арзёбии фанниву иқтисодии он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи консепсия ва нақшаи амалисозии лоиҳаи мазкур, саҳми ниҳодҳои молии байнулмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Бонки осиёгии сармоягузориҳои зербиноӣ, Бонки авруосиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Бонки исломии рушд дар амалисозии он табодули назар сурат гирифт.

Гуфта мешавад, барои муваффақона амалисозии ин лоиҳа тамои ҷузъиёти арзиши таъмиру таҷдиди нерӯгоҳро дақиқан асоснок мебояд кард. Маблағгузории он дар якчанд марҳила пешбинӣ мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар мулоқоти мазкур ҳамчунин намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс Картер ва муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷашед Шоимзода низ ҳузур доштанд.

Қобили зикр аст, ки нерӯгоҳи барқи обии Норак бузургтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон шуморида шуда, беш аз 70%-и нерӯи барқи дар кишвар истеҳсолшуда ба ҳиссаи ин нерӯгоҳ рост меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.