Гавҳар Ҷӯраева: Муҳоҷиронро ба гови ҷушоӣ табдил доданӣ буданд

Президенти Фонди «Тоҷикистон», роҳбари маркази иттилоотиву ҳуқуқии «Муҳоҷират ва қонун» Гавҳар Ҷӯраева изҳор дошт, ки муҳоҷирони машғули кор дар ормогоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав қаблан барои кумак ба Фонд муроҷиат карда, ба онҳо маслиҳат дода шудааст, ки ба Раёсати амнияти дохилӣ муроҷиат кунанд. Дар мусоҳиба ба «Национальной службе новостей» Ҷӯраева қайд кардааст, ки ба ин масъала […]

ASIA-Plus



Президенти Фонди «Тоҷикистон», роҳбари маркази иттилоотиву ҳуқуқии «Муҳоҷират ва қонун» Гавҳар Ҷӯраева изҳор дошт, ки муҳоҷирони машғули кор дар ормогоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав қаблан барои кумак ба Фонд муроҷиат карда, ба онҳо маслиҳат дода шудааст, ки ба Раёсати амнияти дохилӣ муроҷиат кунанд.

Дар мусоҳиба ба

«Национальной службе новостей»

Ҷӯраева қайд кардааст, ки ба ин масъала намояндагиҳои давлатии Тоҷикистон машғуланд ва аз ин рӯ, ташкилоти онҳо дахолат кардан ба ҷараёни тафтишро зиёдатӣ мешуморад, чунки онҳо ба ҷуз парешониву воҳима миёни коргарон, дигар ҳеҷ маълумоти махсусе дар даст надоранд.

«Онҳо ба мо ним сол пеш муроҷиат карда буданд. Соати сеи шаб шахси баҳаросафтода гуфт, ки ба онҳо ҳамла доранд. Мо ба онҳо маслиҳат додем, ки агар ба мақомоти пулису прокуратура бовар надоранд, ба Раёсати амнияти дохилӣ муроҷиат кунанд», – гуфтааст ӯ.

Ҳамчунин Ҷӯраева

фарзияи нави сабаби муноқиша

дар оромгоҳро, ки мутобиқи он сабаби занозанӣ шояд муноқишаи шахсӣ миёни яке аз гумонбаршудагон дар парванда ва тоҷикон бошад, хандаовар унвон кард.

«Кори иҷрокардаи онҳо маъқул нашудааст ва сипас шахсони силоҳдор омадаанд, то ки онҳоро ба коркунӣ омӯзонанд. Хандаовар аст! Ман ҳеҷ касеро дар соҳаҳои гуногун намедонам, ки дар ин ҳолат муҳоҷиронро гунаҳкор шуморад. Онҳо дар пайдо шудани муноқиша гунаҳкор нестанд, балки онҳоро ба гови ҷӯшоӣ табдил доданӣ буданд. Акнун вақти тартибот ҷорӣ кардан расидааст», – иброз доштааст Ҷӯраева.

Ӯ бар ин назар аст, ки дар ҳолатҳои ихтилофу ҷанҷолҳо гунаҳкоронро ҳамеша миёни муҳоҷирон меҷӯянд. «Пеш аз ҳама шахси гунаҳкорро миёни онҳое мекобанд, ки худро ҳимоя карда наметавонанд. Ҳама гуна муҳоҷири ғайриқонунӣ бидуни огаҳии раҳбарият кор карда наметавонад. Ба онҳо ё ҳуҷҷатҳои сохта таҳия кардаанд ва ё ваъда додаанд, ки маблағ пардохт мекунанд. Намояндагиҳои махсус ин ҷо адвокат надоранд, ки онҳоро ҳимоя кунанд. Одамон худашон омадаанд ва мустақилона мекӯшанд, ки аз ҳолати вазнин раҳоӣ ёбанд», – қайд кардааст номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.