Шикоятҳои Ш.Зуҳуров ба В. Матвиенко оид ба фишорҳо болои муҳоҷирон

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафар ба шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 19 май бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дидору гуфтушунид кард. Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» аз шаҳри Санкт-Петербарг дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот Ш.Зуҳуров масъалаи тафтиши воқеъбинонаи қазияи ҳамла ба […]

ASIA-Plus



Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафар ба шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 19 май бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дидору гуфтушунид кард.

Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» аз шаҳри Санкт-Петербарг дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот Ш.Зуҳуров масъалаи тафтиши воқеъбинонаи қазияи ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик дар қабристони Маскавро матраҳ намуда, изҳор доштааст, ки марги 3 нафар ва ҷароҳат бардоштани 23 нафар тоҷикон дар ин ҳодиса, дар ҷомеаи Тоҷикистон вокуниши манфӣ ба бор овард.

Ба андешаи Зуҳуров, гурӯҳҳои муайяне мавҷуданд, ки «муносибатҳои дӯстонаву шарикии Тоҷикистону Русия табъи дилашон нест». Дар ҳамин ҳол, ӯ изҳори итминон кардааст, ки тафтиши фоҷеа дар қабристони Хованское дар доираи қонунгузориҳои Русия сурат гирифта, гунаҳкорон ҷазои сазовор мегиранд.

Зуҳуров муътақид аст, ки ҳодиса дар оромгоҳи Маскав ба шароити будубоши муҳоҷирони корӣ дар Русия оқибатҳои манфӣ ба бор меоварад. «Маъмулан баъди чунин ҳодисаҳо мақомоти интизомии Русия ба фишор болои муҳоҷирон тақвият мебахшанд ва аллакай тариқи ВАО бархе аз сиёсатмадорону сенаторҳо ва вакилони Думаи Давлатӣ аз ҳизби ҳоким дар бораи ба ватан гусел кардани муҳоҷирон садо баланд карда, ҷорӣ кардани раводид бо Тоҷикистонро пешниҳод доранд», – қайд кард Зуҳуров.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки таҳлилҳо гувоҳи онанд, ки ахиран шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бидуни ҳеҷ сабабе аз қаламрави Русия хориҷ мешаванд, зиёд мешавад.

«Муҳлати баррасии парвандаҳои ихроҷи тоҷикон аз Русия маро ба ҳайрат меорад. Ба хулосае мерасӣ, ки ин парвандаҳоро судҳо на дар чаҳорчӯби қонун, балки тибқи нақшаи пешакӣ таҳияшуда баррасӣ мекунанд», – изҳор дошт. Зуҳуров.

Зуҳуров ба Валентина Матвиенко маълумот дод, ки аз соли 2011 то соли 2016 аз Русия ба Тоҷикистон 4 ҳазору 815 тобути муҳоҷири тоҷик фиристода шудааст, ки 379 нафари онҳо аз дасти ҷинояткорон кушта шудаанд. «Ин далелҳо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро бетараф гузошта наметавонанд», – гуфт ӯ ба Матвиенко.

Дар навбати худ В.Матвиенко ба Ш.Зуҳуров ва наздикону пайвандони тоҷикистониёни дар оромгоҳи Хованское кушташуда ҳамдардӣ изҳор намуда, ба ҳамсуҳбати худ итминон дод, ки ҷинояти мазкур қотеъона дар доираи қонунгузории Русия тафтиш мешавад. Ӯ ҳамчунин ба Ш.Зуҳуров маълумот дод, ки ҷараёни тафтиши ҳодисаи мазкурро таҳти назорати худ гирифтааст.

Пеш аз вохӯри бо Ш.Зуҳуров  Валентина Матвиенко

мухолифи ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳои Осиёи Миёна

пас аз ҳодиса дар қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав изҳори назар кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Ба муносибати ҷашн шаҳрдории Душанбе барномаи васеи чорабиниҳо омода кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.