Каромат Шарипов: Нахуст тоҷик сӯи ҳамватани худ оташ кушод

– Тири аввал дар қазияи занозании оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскавро тоҷикон сӯи ҳамватани худ кушоданд. Онҳо аз ҷониби доираҳои муайян киро шуда буданд, – изҳор доштааст раиси Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов. Ба қавли номбурда, гурӯҳҳои зиёде мавҷуданд, ки мегӯянд гӯё онҳо мушкилоти тоҷиконро ҳал месозанд, вале дар асл бошад, ҳамдиёрони худро […]

ASIA-Plus



– Тири аввал дар қазияи занозании оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскавро тоҷикон сӯи ҳамватани худ кушоданд. Онҳо аз ҷониби доираҳои муайян киро шуда буданд, – изҳор доштааст раиси Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов.

Ба қавли номбурда, гурӯҳҳои зиёде мавҷуданд, ки мегӯянд гӯё онҳо мушкилоти тоҷиконро ҳал месозанд, вале дар асл бошад, ҳамдиёрони худро ғорат мекунанд.

«Онҳо ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар бораи тамоми даромадҳои муҳоҷирони тоҷик маълумот дода, сипас онҳоро ба пеш меандозанд, «то ки аввал раванду роҳро нишон диҳанд». Тири аввалро дар Хованское тоҷик парронд. Худатон қазоват кунед, тоҷик тоҷикро парронд! Ва танҳо баъди ин куштор коргарони тоҷик белу каланд ва чокҳоро гирифта, ба ҳимоя бархостанд», – гуфтааст ӯ дар мусоҳиба ба

Радиои Озоди

.

Аммо Шарипов аз ифшои ному насаби шахси аввал тиркушода ва аз куҷо ба ӯ дастрас шудани ин маълумот худдорӣ кардааст.

Муҳоҷири тоҷики коргари оромгоҳи Хованское ба Радиои Озодӣ гуфтааст, гурӯҳи ҷиноии асосан иборат аз қафқозиҳоро барои ҳамла ба онҳо директори оромгоҳ Юрий Чабуев киро кардааст ва тоҷикон аз номи ин гурӯҳ омада, аз ҳамдиёрони худ «ҳақ» талаб кардаанд.

Имрӯз суди Пресненскии Маскав бояд ҷиҳати ҳабси собиқ директори оромгоҳи Хованское Юрий Чабуев қарор қабул кунад, – менависад

«Эхо Москвы»

. Мақомоти тафтишот бар ин назар аст, ки ӯ низ дар занозанӣ иштирок доштааст, вале ҳимояи айбдоршаванда инро рад мекунад.

Бино ба иттилои

«Интерфакс»

, рӯзи 16 май суд бинобар сабаби нокофӣ будани далелу ваҷҳҳои аз ҷониби мақомоти тафтишот пешниҳодшуда ба ҳабс гирифтани ӯро рад кард, лекин муҳлати дар боздошт қарор доштани ӯро то 72 соат дароз карда буд.

Юрий Чабуевро мақомоти тафтишот ба он гумонбар медонанд, ки барои халос шудан аз рақобати диаспораи тоҷикони дар қабристон ғайриқонунӣ фаъолиятдошта ӯ занозании оммавиро ташкил кардааст. Ӯ ба гуноҳи худ иқрор нашуда, изҳор доштааст, ки пешакӣ мақомоти интизомиро дар бораи омодагӣ ба ин муноқиша хабар доданӣ будааст. Ҷониби ҳимояи ӯ дархост кардаанд, ки ӯ таҳти гарав ё ба ҳабси хонагӣ ҷавоб дода шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.