Гумонбари асосии занозанӣ дар оромгоҳи Маскав муайян шуд

Собиқ директори оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ба ташкили занозанӣ дар ин қабристон иқрор шуд. Юрий Чабуев изҳор доштааст, ки муҳоҷирони тоҷик дар оромгоҳ бидуни иҷозатнома кор карда, барои ҳалли ин мушкилот ӯ «бачаҳои варзишгар»-ро даъват кардааст ва онҳо мебоист коргарони тоҷикро аз қаламрави қабристон берун мекарданд. Дар ин бора ВАО-и Русия аз толори суди Пресненскии […]

ASIA-Plus



Собиқ директори оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ба ташкили занозанӣ дар ин қабристон иқрор шуд. Юрий Чабуев изҳор доштааст, ки муҳоҷирони тоҷик дар оромгоҳ бидуни иҷозатнома кор карда, барои ҳалли ин мушкилот ӯ «бачаҳои варзишгар»-ро даъват кардааст ва онҳо мебоист коргарони тоҷикро аз қаламрави қабристон берун мекарданд. Дар ин бора ВАО-и Русия аз толори суди Пресненскии шаҳри Маскав хабар медиҳанд, ки дар он дархости мақомоти тафтишот дар бораи ҳабси гумонбаршуда баррасӣ мешавад.







Хабаргузории ТАСС


менависад


, дар ҷаласа муфаттиш хабар додааст, ки роҳбари оромгоҳ Юрий Чабуев зодагони Қафқози Шимолиро барои аз қабристон берун кардани муҳоҷирон даъват кардааст.

«Тафтишот аз суд дархост кард, ки асноди бозпурсии кормандони пулис ба маводи парванда замима шавад, ки дар он онҳо гуфтаанд, қабл аз оғози муноқиша ҷаноби Чабуев назди онҳо омада, шарҳ додааст, ки ӯ қафқозиҳоро бо мақсади хориҷ кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз оромгоҳ даъват кардааст», – гуфтааст муфтаттиш дар ҷаласаи судӣ ва қайд кардааст, ки ин нишондодҳоро сабти видеои автомашинаи пулис низ тасдиқ мекунад.

Бино ба баёноти Чабуев, муҳоҷирон дар қабристон бидуни иҷозатнома фаъолият дошта, аз тартиботи ҷорӣ норозӣ будаанд ва аз муноқиша ӯ аз намояндагони ташкилоти «Здоровая нация», ки бо хоҳиши ӯ дар қабристон посбонӣ мекардаанд, огаҳӣ ёфтааст.

Қаблан намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин изҳор дошта буд, ки мақомоти тафтишот ихтилофи молиро сабаби асосии муноқиша медонанд. Ба гуфтаи ӯ, маълумоти содир шудани ҷиноят дар заминаи миллатгароӣ тасдиқ нашудааст.

Гуфта мешавад, ҳамагӣ дар доираи ин парванда 12 нафар ба ҳабс гирифта шудаанд, ки миёни онҳо собиқ корманди хадамоти посбонии ШВКД Маскав дар ноҳияи Хамовники Никита Мошенко (ба гумони авбошӣ), ҳуқуқшиноси ширкати «Техэнергосервис» Александр Бочарников (мутобиқи се моддаи КҶ ФР), Вячеслав Серов (ғайриқонунӣ нигаҳдории аслиҳа), бародарон Маирбек ва Элбек Вадуевҳо, Зелимхон Ҳамзатхонов, Борис Рудаков, Сергей Козлов, Владимир Колесников ва Александр Мережко (ҳама ба гумони авбошӣ) ҳузур доранд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати яке аз боздоштшудагон аз рӯи ин парванда Лечи Яҳёев муҳлати боздошт то 19 май дароз карда шуааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.