Ҷашни Рӯзи ҷавонон дар пойтахт тавъам бо маъракаи раъйпурсӣ



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 19 май бо иштироки муовинони худ, раисони ноҳияҳои шаҳр, директорони бозорҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа машварати корӣ баргузор намуда, дар он масоили иштироки сокинони пойтахт дар маъракаи раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, зимни машварат раиси пойтахт қайд кардааст, ки кишоварзони вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ аз 20 то 23 май дар бозорҳои шаҳр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрасро ташкил мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки санаи 22 май дар тамоми боғҳои фарҳангу фароғати шаҳри Душанбе бо иштироки устодони санъати кишвар консертҳо барпо шуда, раиси пойтахт дастур додааст, ки рӯзи 22 май дар пойтахт ҳамчунин чорабиниҳои марбут ба ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон низ гузаронида шаванд.

spot_imgspot_img

Популярное