Қадами нахусти Мавзуна Чориева барои дарёфти роҳхати олимпӣ

Муштзани машҳури тоҷик Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар Остонаи Қазоқистон ҷараён дорад, дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 60 кило бар рақибаш Вен-Линг Чен аз Тайван пирӯз шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олмипии ҶТ, дар ин қувваозмоӣ, […]



Муштзани машҳури тоҷик Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон, дар

мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон

миёни занон, ки дар Остонаи Қазоқистон ҷараён дорад, дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 60 кило бар рақибаш Вен-Линг Чен аз Тайван пирӯз шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олмипии ҶТ, дар ин қувваозмоӣ, ки бегоҳи панҷшанбеи 19 май баргузор шуд, Мавзуна бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад ва ба даври баъдӣ роҳ  ёфт. Рақиби Мавзуна дар даври навбатӣ, ки бегоҳи шанбеи 21 май барпо мегардад, Яна Алексеевна аз Озарбойҷон мебошад. Дар вазни то 60 кило ҳамагӣ 47 муштзан иштирок мекунад.

Қобили зикр аст, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон Тоҷикистонро ду варзишгар намояндагӣ карда, муштзани дигари тоҷик Шоира Зулқайнарова дар рӯзи аввали мусобиқа  дар вазни то 75 кило дар қувваозмоӣ бо рақибаш Сараҳ Шеурих аз Олмон ба нокомӣ дучор шуд. Ба ин тартиб, Шоира Зулқайнарова аз шонси охирин истифода карда натавонист ва аз роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум шуд.

Ин мусобиқаи пурнуфузтарини ҷаҳонӣ бо ширкати беш аз 300 варзишгар аз ҳудуди 70 кишвар то рӯзи 27 май идома хоҳад кард.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар Остона варзишгарон ба ҷуз унвони қаҳрамонӣ ва медалҳо, инчунин дар се вазн (-51, -60 ва -75 кг) барои 12 роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро мубориза мебаранд. Яъне ғолибону муштзанҳое, ки мақомҳои ифтихориро ишғол мекунанд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Ин охирин имконоти ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ барои бонувони муштзани ҷаҳон мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.