Ҷашни Рӯзи ҷавонон дар пойтахт тавъам бо маъракаи раъйпурсӣ

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 19 май бо иштироки муовинони худ, раисони ноҳияҳои шаҳр, директорони бозорҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа машварати корӣ баргузор намуда, дар он масоили иштироки сокинони пойтахт дар маъракаи раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» дар […]



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 19 май бо иштироки муовинони худ, раисони ноҳияҳои шаҳр, директорони бозорҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа машварати корӣ баргузор намуда, дар он масоили иштироки сокинони пойтахт дар маъракаи раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, зимни машварат раиси пойтахт қайд кардааст, ки кишоварзони вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ аз 20 то 23 май дар бозорҳои шаҳр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрасро ташкил мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки санаи 22 май дар тамоми боғҳои фарҳангу фароғати шаҳри Душанбе бо иштироки устодони санъати кишвар консертҳо барпо шуда, раиси пойтахт дастур додааст, ки рӯзи 22 май дар пойтахт ҳамчунин чорабиниҳои марбут ба ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон низ гузаронида шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.