Сипоси С.Аслов ба ҳайати мушоҳидони ИДМ барои иштирок дар раъйпурсӣ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 19 май бо муовини раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбари Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ Владимир Гаркун дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои  Тоҷикистону ИДМ – ро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба масоили омодагӣ […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 19 май бо муовини раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбари Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ Владимир Гаркун дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои  Тоҷикистону ИДМ – ро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба масоили омодагӣ ба Раъйпурсии умумихалқии ҶТ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон, ки 22 майи соли ҷорӣ баргузор хоҳад гашт, мубодилаи афкор карданд.

Гуфта мешавад, С. Аслов ба Миссияи мушоҳидон аз ИДМ барои ташрифашон ба шаҳри Душанбе ҷиҳати назорати маъракаи муҳими сиёсӣ –  Раъйпурсии умумихалқӣ, ки дар арафаи ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, изҳори сипос намуд.

Қайд мешавад, ки ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар ҳошияи ИДМ-ро баррасӣ карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.