Таваҷчуҳ ба фоҷеаи Хованское дар мулоқоти Ш.Зуҳуров ва С.Наришкин

Дар доираи сафар ба шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Сергей Наришкин мулоқот ва масоили вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар дар соҳаи парлумониро баррасӣ намуд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Санкт-Петербург, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои марбут ба […]



Дар доираи сафар ба шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Сергей Наришкин

мулоқот

ва масоили вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар дар соҳаи парлумониро баррасӣ намуд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Санкт-Петербург, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои марбут ба густариши муносиботи дуҷониба дар соҳаҳои гуногун, аз қабили сиёсату иқтисод, тиҷорату башардӯстона ва сармоягузорӣ, муҳоҷират ва вазъияти муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳру ноҳияҳои Русия баррасӣ шуданд.

Зимни вохӯрӣ ба ҳодисаи чанд рӯзи пеш дар қабристони Хованскои шаҳри Маскав, ки сабабгори ба ҳалокат расидани се шаҳрванди Тоҷикистон ва ҷароҳат бардоштани чанд нафари дигар гардид, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Шукурҷон Зуҳуров аз Сергей Наришкин тақозо кард, ки барои ҳалли мунсифонаи ин қазия мусоидат намуда, ба ҷинояткорону шахсони пушти ин ҳодиса қарордошта мувофиқи амалашон ҷазо дода шавад. «Фаъолиятҳои муғризонаи баъзе гурӯҳҳо наметавонад, рӯи сатрҳои муносиботи хуби Тоҷикистону Русия хатти сурх кашад», – таъкд дошт Шукурҷон Зуҳуров.

Сергей Наришкин аз ҳодисаи қабристони Хованскои шаҳри Маскав ва ба ҳалокат расидани се шаҳрванди Тоҷикистон изҳори таассуф намуда, аз Шукурҷон Зуҳуров дархост намуд, ки ҳамдардии ӯ ва намояндагони парлумони кишварашро ба хонаводаҳои марҳумон расонад. «Ба қазияи мазкур ҳатман дар доираи қонунҳои амалкунандаи Русия расидагӣ хоҳад шуд ва гунаҳкорони ин ҳодиса ҷазои муносиб хоҳанд гирифт», – гуфт ӯ.

Гуфта мешавад, дар Санкт -Петербург Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин бо Раиси парлумони  Қиргизистон Чинибой Турсунбеков бо хоҳиши ӯ

дидору гуфтушунид

кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.