Ташрифи вазирии корҳои дохилии Русия ба Душанбе

Вазири корҳои дохилии Русия, генерали пулис Владимир Колоколтсев ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия, ки санаи 23 май доир мегардад, ба шаҳри Душанбе ташриф меорад. Тавре як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷаласаи ҳайати мушовара баррасии масоили ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилии Русия, генерали пулис Владимир Колоколтсев ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия, ки санаи 23 май доир мегардад, ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.

Тавре як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷаласаи ҳайати мушовара баррасии масоили ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳарду кишвар дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла муқовимат ба ифротгароӣ ва пешгириву қатъи фаъолияти гурӯҳу дастаҳои муташаккили ҷиноятпешаи дорои робитаҳои фаромиллӣ дар назар аст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ба масъалаи тафтиши муштараки ҳодисаи ҳамла ба муҳоҷирони кории тоҷик дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав рӯзи 14 май таваҷчуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи сафар ба Тоҷикистон Владимир Колоколтсев аз дафтари асосии кории Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон низ боздид мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.