Вазири корҳои дохилии Русия, генерали пулис Владимир Колоколтсев ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия, ки санаи 23 май доир мегардад, ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.
Тавре як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷаласаи ҳайати мушовара баррасии масоили ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳарду кишвар дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла муқовимат ба ифротгароӣ ва пешгириву қатъи фаъолияти гурӯҳу дастаҳои муташаккили ҷиноятпешаи дорои робитаҳои фаромиллӣ дар назар аст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ба масъалаи тафтиши муштараки ҳодисаи ҳамла ба муҳоҷирони кории тоҷик дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав рӯзи 14 май таваҷчуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Зимнан зикр гардид, ки дар доираи сафар ба Тоҷикистон Владимир Колоколтсев аз дафтари асосии кории Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон низ боздид мекунад.



