Аз 20 майи соли равон пардохти маблағҳои муштариён дар доираи лоиҳаи музди меҳнат ба дорандагони кортҳои пардохтии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ки чанд рӯзи охир мутаваққиф шуда буд, аз нав ба роҳ монда шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии бонк, акнун муштариён имкон доранд, ки аз бинои Сарбонк дар доираи меъёри муайян маблағҳои худро дарёфт намоянд.
Гуфта мешавад, маъмурияти муваққатии Тоҷиксодиротбонк бо мақсади ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, дар марҳалаи аввал пардохти маблағҳои музди меҳнат ва амонатҳои муҳлаташон поёнёфтаи муштариёнро таъмин хоҳад кард.
Тибқи маълумоти расида ба «Азия-Плюс» дар ин робита, дар дафтари асосии кории бонк (ошёнаи дуюм) мизоҷон бояд як тартиби муайяни бақайдгириро анҷом дода, сипас онҳо метавонанд дар ҳаҷми то 200 сомонӣ пули нақд гиранд.
Қобили зикр аст, ки «Тоҷиксодиротбонк» яке аз бонкҳои бузургтарини ҷумҳурӣ шуморида шуда, аз оғози соли равон ба мушкилоти молӣ дучор шуд ва ин ба бонк имкон намедиҳад, ки хизматгузориҳояшро бо мизоҷони худ дар ҳаҷми пурра анҷом диҳад.
Қаблан
иттилоъ дода будем
, ки дуюмин бонки тиҷоратии бузург дар Тоҷикистон – «Тоҷиксодиротбонк» баҳри кумак ба Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) муроҷиат кард, то ки буҳрони имконпазири пардохтпазириро пешгирӣ кунад.
Бонки миллии Тоҷикистон санаи 18 май бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, ба муҳлати то се моҳ дар бонки зикршуда
маъмурияти муваққатӣ таъйин намуд.
Сарфи назар аз ба мушкилот дучор шудани яке аз бонкҳои низомсози кишвар – «Тоҷиксодиротбонк» дар хизматгузорӣ ба мизоҷон аз оғози сол, эътимод ба низоми бонкии Тоҷикистон
устувор арзёбӣ мешавад.





