Ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон



Имрӯз дар саросари ҷаҳон маротибаи 66-ум пайдарпай Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад.

Чорабиниҳои ҷашнӣ дар Тоҷикистон ба ин муносибат дар Боғи кӯдакон (назди варзишгоҳи «Спартак») аз соати 08-00-и субҳ оғоз мегарданд. Ин чорабинӣ аз ҷониби мақомоти шаҳрдории Душанбе созмон дода мешавад.

Директори маркази кӯдакону наврасон Комилҷон Холов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин чорабинӣ барои тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо, толибилмони макотиби пойтахт ва ҳамчунин ҳамаи кӯдакону наврасони хоҳишманд консерти кӯдакон ва намоишномаи театри лӯхтак баргузор мегардад.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин муносибат дар ҳамаи муассисаҳои томактабии кишвар таҳти унвони «Кӯдакон – ояндаи мо» чорабиниҳо доир менамояд.

Қобили зикр аст, ки Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон (International Children”s Day), ки рӯзи якуми фасли тобистон таҷлил мегардад, яке аз ҷашнҳои қадими байнулмилалӣ аст. Қарор дар бораи таҷлили онро моҳи ноябри соли 1949 Федератсияи байнулмилалии демократии занон қабул кард.

Нахустин ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон соли 1950 гузаронида шуд. СММ ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳимоя аз ҳуқуқу манфиат, ҳаёт ва солимии кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ унвон кард. 

spot_imgspot_img

Популярное