Ҳукми 6,5 соли зиндон барои кӯшиши пайвастан ба сафҳои Давлати исломӣ



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокини 31-солаи шаҳри Душанбе Аҳлиддин Шайховро барои кӯшиши пайвастан ба сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ ба 6,5 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба маълумоти интишоршуда дар ин робита, маҳкумшуда зимни дар муҳоҷирати корӣ қарор доштан дар Русия ба даъвати шаҳрванди Тоҷикистон Қиёмиддин Рӯзалиев ва шаҳрванди Русия бо номи Муҳаммад ҷиҳати пайвастан ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломӣ розӣ мешавад.

Моҳи сентябри соли 2015 ӯ ҳамроҳи шаҳрванди Русия бо номи Салмон тариқи хатсайри ҳавоӣ аз Астрахан ба Истамбул мераванд. Дар фурудгоҳи Истамбул онҳоро як доғистонӣ бо исми Аҳмад пешвоз гирифта, то моҳи декабри ҳамин сол онҳоро аз нигоҳи равонӣ барои иштирок дар ҷиҳод омода мекунад.

Охири моҳи декабри соли гузашта Аҳлиддин Шайхов ва ҳамсафарони ӯро хадамоти махсуси Туркия ҳангоми убури ғайриқонунии марз бо Сурия боздошт кардаанд.

spot_imgspot_img

Популярное